Гузашти рӯзҳо моро ба яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ- интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ наздиктар месозад. Ба ин муносибат намояндагони ҳар як ҳизби сиёсӣ бо овоздиҳандагон вохӯрӣ доир намуда, ҳизби худ ва барномаи панҷсолаи онро муаррифӣ менамоянд. Ба ин муносибат санаи 12 феврал дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 27-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-13, ҳавзаи интихоботии вилоятӣ «Масҷиди Сурх, №5» ва ҳавзаи интихоботии шаҳрӣ «Раззоқ, №1 бо интихобкунандагони кумитаи маҳаллаи «Раззоқ» баргузор гардид. Вохӯриро раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳусни оғоз бахшида, дар бораи нақша ва чорабиниҳои кумитаи иҷроия то интихобот сухан ронд. Дар ин вохӯрӣ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд -13, Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна ва шахсони боэътимоди ӯ аз барномаи пеш аз интихоботии худ назди интихобкунандагон гузориш дода, қайд карданд, ки ҳадафи ҳизб ва ҳадафи номзадони он ин беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодии кишвар аст. Мушкилиҳои умда, ки имрӯз дар назди мардум қарор дорад, ҳалшаванда аст. Аз ҷумла қайд шуд, ки ҳизби мо ба сифати қувваи сиёсии бузурги кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Ҳамчунин дар ин вохӯрӣ шахсони боэътимоди номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии «Масҷиди Сурх №5», Раҷаббой Аҳмадзода, номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии «Раззоқ, №1» Очилов Дадо зимни суханронӣ аз корҳои басомонрасонидаи давлат ва ҳукумати кишвар ҳарф зада, гуфтанд, ки давоми 5 соли охир маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар беш аз 10 маротиба афзуда, садҳо корхонаҳои нав арзи ҳастӣ намуда, ба ин васила ҳазорҳо ҷойи кори нав таъсис дода шуд. Дар давоми 5 сол дар кишварамон наздик ба 400 муассисаҳои таълимӣ ва 250 марказҳои хизматрасонии тандрустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Нишондиҳандаи соли охири вилояти Суғд дар ҳама бахшҳо собитгари баланд шудани сатҳи иҷтимоии сокинон ва пеш рафтани иқтисодиёт маҳсуб мешавад. Чунончӣ болоравии рушди иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии аҳолиро метавон аз иҷрои нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ ва ба буҷет ворид шудани 1 миллиарду 45,6 миллион сомонӣ, ки нисбат ба нақша 40,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад, мушоҳида кард. Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, номзади илмҳои суханшиносӣ, яке аз фаъолони ҲХДТ Нуралӣ Нуров дар баромадаш таъкид дошт, ки Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро барои солҳои 2015-2020 «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» унвон шуда, ҳамчун барномаи амал ба ҷомеа пешниҳод гардидааст. Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар, рушди афзалиятноки соҳаи саноат, хусусан саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркарди маъдан, густариши фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкории хурду миёна, такмил додани сиёсати буҷету андоз ва пулию қарзӣ, идомаи ислоҳоти идораи давлатӣ бо роҳи ташкили хизмати давлатии касбӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатии марказӣ ва маҳаллӣ, таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун вазифаҳои стратегии марҳалаи нав арзёбӣ мегарданд. Сипас миёни интихобкунандагон ва номзадҳо атрофи мушкилӣ ва роҳҳои он саволу ҷавоб сурат гирифт.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10140
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 9974
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8104
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7898
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7268
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1131
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1165
-
ҶАВОНОНРО АЗ ҲОЛАТҲОИ НОМАТЛУБИ ЗАМОН ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД2019-10-07 994
-
Теннисбозони навраси шаҳри Хуҷанд беҳтарин дар вилояти Суғд2016-08-25 1441
-
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШГОҲ2019-09-02 1555
-
ДАСТУРИ РАҲНАМОӢ БА АҲОЛӢ2020-05-07 999
-
Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бахшида ба «Соли ҷавонон»2017-02-21 1487
Меҳмонон