Ҳамасола санаи 4-уми июн дар ҷумҳурӣ иди касбии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ баргузор мегардад.

Бахшида ба иди касбии кормандони соҳа санаи 5-уми июн дар Корхонаи воҳиди давлатии «Автобазаи махсуси санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ширкат варзида, кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуда, ба фаъолони ҲХДТ сипосномаҳои Кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуд.