Футбол яке аз намудҳои рушдёфтаи соҳаи варзиш дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар миёни аҳолӣ нисбат ба дигар намудҳои варзиш маҳбубияти зиёд касб намудааст.

Бо талошу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар қатори дигар давлатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои рушди ин намуди варзиш тамоми имкониятҳоро пиёда сохтааст.

Дар натиҷаи амалигардии барномаҳои махсус дар самти рушди футбол шароити муносиб ҷиҳати ҷалби аҳолӣ ба футбол, заминаи мусоид дар мутобиқгардонии инфрасохтори соҳаи футбол ба талаботҳои ҷаҳонӣ, таъмиру азнавсозии иншоотҳои марбут ба футбол, пайдо гардида, истеъдодҳои нав дар байни наврасону ҷавонон, гузоштани замина барои рушди футболи касбӣ ва ғайрикасбӣ дар кишварро ба миён оварда истодааст.

Дар ин самт тибқи барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ аз ҷониби сохторҳои ҳизб корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз ҷумла футбол ҳамасола ба роҳ монда шудааст.

Ба мақсади боз ҳам рушд ва оммавӣ гардидани футбол дар кишвар ва ҷиҳати дар сатҳи баланд доир намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 26 -солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ибтикор ва ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд шурӯъ аз 20 май то 17 июни соли 2023 мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти мукофоти кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гашт.

Мусобиқа дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд доир шуда, дар мусобиқаи мазкур 16 дастаҳо ширкат намуда, дар натиҷа дастаи ташкилоти ибтидоии «Ҷавонӣ» ғолиби ҷойи аввал, дастаи кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон» ғолиби ҷойи дуюм, дастаи ташкилоти ибтидоии “Арзи миллӣ” ғолиби ҷойи сеюм ва дастаи ташкилоти ибтидоии “Ориёнбонк” ғолиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд санаи 17 июни соли равон баргузор шуда, дар маросими ҷамъбастӣ ва супоридани мукофотҳо раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории мусобиқаи мазкур ташвиқ ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни шаҳрвандон, рушди футбол ва сазовору хотирмон ҷашнгирии Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва 26 -солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ мебошад.

Роҳбарияти кумиҷроияи вилоятию шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ «Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд», медалу дипломҳо, сипосномаҳо ва мукофоти пулиро ба футболбозон туҳфа супориданд.

Ҳамчунин, барои мусоидат ва фаъолона ширкат намудани дастаҳо ба роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ сипосномаҳо супорида шуд.