Бо мақсади пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни ҷавонон дар ташкилотҳои ибтидоии «Камолиддин Беҳзод» ва «Иттилоот» вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шӯъбаи назорат ва умумии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мақсудҷон Абдуғафуров, муовини декани факултети санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷонн Ғафуров, дотсент Умарҷон Раҳимов ва  кураторони гурӯҳҳо, устодони ҷавон ширкат варзиданд.

Сараввал, бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Бобоҷон Ғафуров»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Ӯғулой Умаралиева оид ба мавзӯи вохӯрӣ зикр дошт, ки имруз тамоми ҷомеаи башарро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, он ба масъалаи доғи рӯзи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

 Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат баён кардаанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии чавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Тоҷикистон қарор дорад».

Маврид ба зикр аст, ки фардои мо дар симои ҷавонону наврасон зуҳур меёбад, ки онҳо имрӯз дар баёни мо зиндагӣ мекунанд.

Чун ҷавонони Тоҷикистон ояндаи давлати соҳибистиқлол мебошанд, тарзи ҳаёти солим, дӯст доштани Ватан, барпо намудани оилаи устувор, омодагии касбӣ барои ҷавонон аз арзишҳои судманду муҳим ба ҳисоб меравад.

Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки тибқи квотаи Президентӣ то кунун ҳазорҳо нафар ҷавонон аз минтақаҳои дурдасти куҳистон ба мактабҳои олӣ бо имтиёз дохилшудаву таҳсил карда, сафи мутахассисони олидорро дар мамлакат пурра намуданд.

Мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки имрӯз зиндагии шоистаро дар ватани маҳбубамон дарёфтем. Бинобар дигар нагузорем, ки ғаразҳои душманони миллатро нодида гирем ва даст ба даст, китф ба китф ҳамдигарро аз ҳар гуна ҳодисахои номатлуб нигаҳдор бошем.