Дар даврае, ки фарзанди шарафманд ва фарзонаи халқ  Эмомалӣ Раҳмон бори аввал Роҳбари давлат интихоб гардиданд, давлати мо акнун Истиқлолиятро  ба даст оварда буд ва рӯзҳои мудҳишро аз сар мегузаронид. Таҳти қадамҳои боварибахш ва далерию мардонагӣ Эмомалӣ Раҳмон мамдакатро аз хавфу хатари парокандагӣ наҷот бахшид, халқро якҷоя намуд ва ба Ватани худ ҳазорон гурезагонро баргардонид. Таҳти қавииродагии Сарвари  давлатамон дар муддати хеле кӯтоҳ ҷойҳои вайронгашта  обод гардонида  шуданд, иншоотҳои нав бунёд гардиданд.

Ба ҳамаи дастовардҳо ва ба муваффақиятҳо ноил гардидани давлатамон ин натиҷаҳои меҳнат ва заҳмати Пешвои миллати мо мебошад, ки он кас барои хизматҳои шоёни худ сазовори муҳаббат ва ҳурмату эҳтироми халқи Тоҷикистон,  ҳазорҳо ҳамватанони хориҷӣ  ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд.

Дастоварди бузургтарини Эмомалӣ Раҳмон ин ба даст овардани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар диққати ҷиддиро ба масъалаҳои ба ояндаи инсонӣ вобаста буда медиҳанд. Дар давоми бисту панҷ соли Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои боварибахш сӯи фардои давлати демократӣ меравад ва алоқаҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиро бо давлатҳои зиёде ба роҳ мондааст.

Ҳамин тавр, хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки давлатро роҳбарӣ менамоянд, хавфи парокандагии Тоҷикистонро  аз байн бурдаанд, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш гардонида ба сохтмони давлати нави Тоҷикистон таҳкурсӣ гузошта, Конститутсияи навро қабул карда, 27 июни соли 1997 сулҳу Ваҳдати миллиро пойдор намудаанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилиҳои зиёди давраи ҷанги шаҳрвандиро бартараф карда, Тоҷикистонро ба кишвари рӯ ба инкишоф ва пешрафтаву рақобатпазир мубаддал сохтанд.

Дар давраи нави сохтмони давлати ҷавони Тоҷикистон тақдир ба халқи тоҷик шахси нодир - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – инсоне, ки сифатҳои олии инсониро дорост – ҳайгӯӣ, раҳмдиҳӣ, далерию ҷасурӣ, қобилияти такрорнашаванда ҳамдардӣ намудан ва муттаҳид гардонидани одамонро офаридааст.

Х.Тошева, сармуаллимаи
 кафедраи педагогикаи умум
ии ДДХ

ба номи академик Б.Ғафуров