Санаи 16 ноябри соли равон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон ва ба истифода додани агрегати якуми НБО "Роғун" бо ибтикори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон "Созандагони Ватан"-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аксияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Бо Президентам ифтихор мекунам!" ва "Роғун ояндаи дурахшони мо!" дар марказҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангиву фароғати шаҳри Хуҷанд ташкил ва гузаронида шуд.

Дар Аксияи тарғиботӣ зиёда аз 80 нафар ҷавонони фаъол, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд, волонтёрон ва аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» иштирок намуданд, дар натиҷа беш аз 500 адад маводҳои иттилоотӣ дар мавзуи "Бо Президентам ифтихор мекунам!", "Роғун ояндаи дурахшони мо!"  ва «Фурӯғи нури Раҳмонӣ» паҳн карда шуд.