Санаи 10-уми октябри соли 2014 маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Точикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он аъзоёни Комиҷроияи шаҳрӣ иштирок намуданд.

Дар ин маҷлис ҳисоботи Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов оид ба «Фаъолияти Комиҷроия дар нӯҳ моҳи соли 2014» шунида шуд. Инчунин доир ба баргузор намудани Конференсияи 14-уми ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ, рафти иҷроиши «Обуна-2015» аз ҷониби аъзоёни Комиҷроия қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.