Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун Шуморо бо фарорасии иди сайиди Қурбон сидқан шодбош гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаи обод, саодату осоиши рӯзгор ва комёбиҳои нав ба нави меҳнатиро таманно дорад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон мисли тамоми мусулмонони ҷаҳон ин Идро, ки аз беҳтарин арзишҳои инсонпарварию мардумнавозӣ саршор аст, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои суботи сиёсӣ, пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, ҷаҳду талошҳои созанда ва бунёдкорона баҳри расидан ба зиндагии шоиста ва эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ истиқбол мегиранд.

Бо изҳори ниятҳои нек бори дигар фарорасии иди Қурбонро бароятон самимона табрик гуфта, ба Шумо ва пайвандонатон оромиву осоиш, меҳру муҳаббат, рисқи фаровон ва файзу баракат орзу менамоем.

Иди Қурбон муборак!