Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо раванди ободкориву созандагӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар вусъати тоза касб мекунад. Арҷ гузоштан ба ин неъмати бебаҳо, таҳкими давлатдорӣ ва дар зеҳну шуури аҳли ҷомеа ҷо намудани ифтихор ва ҳуввияти миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар маҳсуб меёбад. Рушд ва нумӯи ҳама соҳаҳо  махсусан дар шаҳри Хуҷанд бараъло эҳсос мешавад. Ба шарофати сафари кори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат ба шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифтани бинои иловагии Телевизиони вилояти Суғд, мавриди истифода қарор гирифтани Гимназияи №1 ва ба фаъолият шурӯъ намудани коргоҳи истеҳсолии ҶСК «Ариана Металл Пласт» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» руҳияи сокинонро дуболо намуд.

Ҷиҳати сазовор ва бо дастовардҳои азими меҳнатӣ истиқбол гирифтани ин санаи муҳими таърихӣ дар асоси қарори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз 10 октябри соли 2018 ва дар мувофиқа бо Раиси шаҳр силсилавохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ оғоз гардид.

Чунин вохӯрӣ дар ҳавзаи интихоботии Қорираҳмат Қурбонов №4 бо ширкати интихобкунандагон баргузор гардид.

Чорабиниро муовини раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муҳабат Ӯрунбоева ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки дар асоси дастури раиси кумиҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар ва тибқи ҷадвал гузаронидани вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон дар ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ бо мақсади тарғиби Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №1059 оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаҳмонидани мазмуни қарорҳои иҷлосияи понздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум аз 24 сентябри соли 2018 ба роҳ монда шудааст. Инчунин, таъкид дошт, ки бо мардум будану мушкилоти онҳоро шунидан ва дар ҳалли он кӯшиш варзидан вазифаи ҷонии ҳар як вакил маҳсуб мешавад. Хоссатан, пешорӯи ҷашнҳои муҳими кишвар мардум бояд руҳияи идона дошта бошанд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Зокирҷон Зоидов оид ба фаъолияти вакилиаш назди интихобкунандагон ҳисобот дод.  Пас аз маърӯза интихобкунандагон доир ба ҷой доштани баъзе аз мушкиливу муаммоҳо сухан гуфтанд. Аз ҷумла зикр шуд, ки барои ҷароғонкунӣ ва асфалтпӯш намудани маҳалла вакил дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мусоидат намояд.

Дар хотимаи вохӯрӣ интихобкунандагон ташкили чунин мулоқотҳоро бар фоидаи кор донистанд.