Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи “Рушди футбол дар деҳаҳо барои солҳои 2021 – 2024” имрӯзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи кишвар мусобиқаи футболи хурд байни бозингарони ғайрикасбӣ барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ бо маром идома дорад.

Шоми гузашта дар варзишгоҳи “Ғалаба”-и шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии ин мусобиқа байни дастаҳои  маҳаллаҳои “Темурмалик” ва   “Содирхон Ҳофиз” бо ширкати мухлисони сершумор доир гардид. Дар натиҷа дастаи “Темурмалик” ҳарифи шикастнопазири худро бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст дода, ғолиби мусобиқа гардиданд.

Дар маросими ҷамъбасти мусобиқа Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров тадбири роҳандозинамудаи Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизбро хеле зарур ва муҳим шуморида, таъкид доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди футбол таваҷҷуҳи хосса дошта, солҳои охир барои машҷу тамрин садҳо варзишгоҳҳо бунёд шуда, даҳҳо ҷеҳраҳои нави футболбоз ба ин намуди варзиш шуғл меварзанд. Баргузории чунин мусобиқаҳо ваҳдати ҳамдилиро байни инсонҳо қавӣ намуда, ҷавононро аз амалҳои номатлуб эмин медорад.  Ҳамзамон он ба солимии ҷисму руҳ ва иродаи ҷавонон таъсиргузор аст. Баромадкунандагон итминон пайдо намуданд, ки чунин футболбозон шарафи вилоятро дар даври ҷумҳуриявии мусобиқа сазовор ҳимоя мекунанд.

Сипас дар вазъяти тантанавӣ ба дарвозабон, ҳимоятгар, нимҳимоятгар ва футболбози беҳтарин тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, Федератсияи футболи вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, бонки молиявии “Арванд”   супорида шуд.

Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа медал ва Ҷоми рамзии кумиҷроияи шаҳрӣ тақдим гардид.