Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, кумитаҳои иҷроияи ибтидоии “Бобоҷон Ғафуров“ ва “Сомон” ҷиҳати тақвият бахшидани чораҳои тарғиботию ташвиқотӣ бар зидди бемории сироятии коронавирус ва талқини фарҳанги истифодабарии нерӯи барқ ҳамарӯза дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр чорабинии маърифатӣ – омӯзишӣ доир намуда истодааст.
Дар ҳошияи ин ташаббусҳо субҳи имрӯз дар назди театри ба номи хоҷа Камоли Хуҷандӣ, дар шафати ярмарка - фурӯшӣ маҳсулотҳои кишоварзӣ тарғиботу ташвиқот идома ёфта, раиси кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Маликисломӣ Наим Мунаввар зимни мулоқот бо фурӯшандагону харидорон аз зарурияти нигаҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ ва пӯшидани ниқобҳои ҳимоятӣ ҳарф зада, зикр намуд, ки рӯзҳои охир кам гирифтор шудан ба бемории сироятӣ мардумро як андоза фориғбол намуд. Аммо дар сурати риоя нанамудан ба талаботҳои санитариву гигиенӣ аз сар гирифтани беморӣ аз эҳтимол дур нест. Зеро имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро хатари мавҷи дуюм ва ҳатто сеюми беморӣ ба ташвиш овардааст. Шаҳрвандонро мебояд, ки аз сари эҳтиёт кора бигиранд. Ҳамзамон дар идомаи суҳбат мавсуф шаҳрвандонро ба он ҳушдор дод, ки бояд нерӯи барқ дар ҳар хонадон самаранок истифода шавад. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки новобаста аз он ки лампаҳои каммасраф дар бозорҳо фаровонанд, муштариён аз он кам истифода мебаранд. Гаронии нархи лампаҳои каммасрафро баҳона мекунанд. Бехабар аз ки лампаҳои тафсон аз лампаҳои камсраф 50 маротиба зиёдтар қувваи барқро мегиранд. Истифодаи ангишт ва ҳезум, ки дар мамлакати мо фаровонанд, барои оилаҳои дар ҳавлӣ зиндагимекарда аз аҳамият холӣ нест.
Дар идомаи чорабинӣ ба шаҳрвандон ниқобҳои ҳимоятӣ ройгон тақсим, варақаҳои иттилоотӣ дода шуд.