Бо иштироки муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, аъзоёни кумиҷроия, фаъолону собиқадорони ҳизб   маҷлиси навбатии Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома - ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар давраи соли 2019  раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар баромад намуд. Мавсуф зимни гузориш қайд кард, ки давоми сол ба сафи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд 2003 нафар шахсони арзанда қабул гардида, шумораи ҳизбиён дар шаҳр ба 17930 расидааст, ки аз ин шумора 11525 нафарро занон ва 8486нафарро ҷавонон дар бар мегиранд. Ҳамзамон 373 нафар аз қайди кумиҷроия бароварда шуда, 87 нафар ба қайд гирифта шуданд. Ҳамчунин, тибқи қарори ташкилотҳои ибтидоӣ 507 нафар бинобар сабаби вайрон намудани талаботи Оинномаи ҳизб ва 76 нафар бо сабаби вафот аз сафи ҳизб хориҷ карда шуданд. Дар 8 корхонаву муассисаҳо ташкилотҳои ибтидоӣ таъсис ёфтанд ва имрӯз шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ дар шаҳри Хуҷанд ба 234 адад расид. Инчунин, 5 адад кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ фаъолияти бомаром доранд.

Доир ба фаъолияти ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар давраи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ муовини раиси кумиҷроия Муҳаббат Ӯрунбоева маълумот дода, афзуд, ки  бо мақсади татбиқи бандҳои қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  аз 27 сентябри соли 2019 нақша – чорабиниҳо иборат аз 13 банд таҳия шуда, мутобиқ ба он бо мақсади аз роҳу усулҳои технологияи муосири сиёсӣ ба роҳ мондани фаъолияти минбаъда, роҳандозии силсила чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ дар  байни интихобкунандагон, омода намудани рӯйхати нозирони миллӣ ва бо мақсади баланд бардоштани савияи маърифатию сиёсию ҳуқуқии онҳо бо истифодаи аз усулҳои муосир доир намудани семинарҳои дастурдиҳӣ ва соатҳои сиёсӣ дар нақша – чорабиниҳо омодааст.

Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки таҳияи Барномаи пешазинтихоботии вакилон бо дарназардошти бандҳои Барномаи пешазинтихоботӣ, ташкил намудани курсҳои мақсаднок барои гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва вобаста ба хусусиятҳои хоси маҳали ҷойгиршавии ташкилотҳои ҳизбӣ бояд маҳаки асосии кори ситод бояд бошад.

Дар идомаи кори ҷаласа аъзоёни кумиҷрои нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2020, нақшаи чорабиниҳо вобаста ба роҳандозии тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, сметаи хароҷоти кумитаи иҷроия барои соли 2020-ро тасдиқ намуданд.

Муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода аз ҳамкориҳои самарабахши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо кумиҷроияи шаҳрӣ ҳарф зада, таъкид дошт, ки барои татбиқи ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳизбиён пешоҳангу намуна бар дигарон бошанд.

Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Маликисломӣ Наим Мунаввар  вазифаҳои минбаъдаи ҳизбиёнро муайян намуда, баён дошт, ки имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа мавқеи мустаҳкам дорад ва мо бояд ин дастовардро ҳифз намуда, фаъолияти худро беҳтар намоем.  Боварӣ дорем, ки бо ҷидду ҷаҳди аъзоёни ҳизб маъракаҳои сиёсии дарпешистода дар сатҳи баланди сиёсӣ доир мегарданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд минбаъд низ фаъолияти худро мувофиқи талаботи Оиннома ва Барномаи пешазинтихоботии ҳизб таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” ба роҳ монда, дар самти иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, амалӣ намудани қарорҳои маҷлисҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Вилоятии ҲХДТ кӯшиш ба харҷ медиҳад.