Варзиш як намуди фаъолонаи ҷисмонӣ ва интеллектуалӣ буда, бо мақсади мусобиқа гузаронида мешавад, барои беҳтар намудани саломатӣ, барои ба даст овардани қаноатмандии молӣ ва маънавӣ, пешрави барои бехбудӣ, машҳурият ба даст овардан ва беҳбудии тавоноӣ хизмат мекунад.

Дар Муассисаи давлатии “Мактаби варзишии вилояти Суғд”  бахшида ба “Рӯзи варзишгарон” маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзида, ҳамаи кормандони муассиса ва кулли варзишгаронро ба муносибати “Рӯзи варзишгарон” табрику муборакбод намуд. Қайд гардид, ки бо ҳидоят ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ривоҷу равақи варзиш дар байни наврасону ҷавонон, занону духтарон, хусусан намудҳои миллӣ ва олимпӣ эътибори ҷиддӣ дода шуда истодааат ва бо ин мақсад барои тарбия намудан дар руҳияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, сиёсию иҷтимоӣ роли аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳим мебошад.

Дар охир аз ҷониби Раиси кумиҷроия се нафар фаъолони ҳизб, варзишгарони варзида бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.