Дар остонаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ва шаҳрии ҳизб силсилаи мулоқотҳо бо сокинон бо мақсади фаҳмонидани моҳияти интихобот ва дар ин замина баланд бардоштани ифтихори миллии шаҳрвандон  оғоз ёфт.

Чунончи мудири шуъбаи кор бо занони кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ, вакили маҷлиси шаҳрӣ  Мадинахон Салимова, мудири шуъбаи кор  бо  занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Заррина Манонова ва табиби сироятшиноси Маркази санитарию  эпидемеологии шаҳри Хуҷанд Баротова Нигина бо сокинони маҳаллаи “Чорчироғ” бо   мулоқот анҷом дод. Дар баромадҳои таъкид шуд, ки риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” метавонад зиндагии саодатбахши мардумпро таъмин созад. Ҳамзамон баланд бардоштани ифтихори миллӣ дар заминаи ҷалби сокинон ба китобу китобхонӣ, ҳар чи бештар фарогирии мардум ба ҳунаромӯзӣ ва ташкили корҳои хонагӣ метавонад садди роҳи ҷиноятсодирукуниҳо гардад.  Таъкид шуд, ки барои сокинони кишвар санаи 11 октябр марҳилаи воқеан ҳам муҳим маҳсуб меёбад. Зеро дар ин рӯз интихобкунандагон бо интихоби Президент фардои  дурахшони худро интихоб мекунанд.

Бояд ҳар нафари бедордил ба хотири фардои дурахшони миллат аз ин маъракаҳои муҳим канорагирӣ накунад.