Гузориш аз Конференсияи илмӣ – амалӣ бахшида ба Аксияи «16 рӯзи мубориза алайҳи зарӣ нисбат ба занон»

         Ҳамасола аз санаи 25 ноябр то 10 декабр дар кишвар Аксияи «16 рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ» бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва паст намудани хушунат ва зӯроварӣ нисбати занон баргузор мегардад, ки аз ташаббус ва иқдомҳои хирадмандона ва ҳадафманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

         Лозим ба ёдоварист, ки ин масоил ҳамеша дар мадди назари Ҳукумату давлат қарор дорад. Ин ва дигар нуктаҳои мубрам дар Конференсияи илмӣ – амалӣ бо зиёин, равоншиносон, фаъолзанони ташкилотҳои ибтидоии кумитаи маҳаллаҳо, Шӯрои духтарони КИ ҲХДТ – и ш.Хуҷанд, масъулони Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занон «Гулрухсор» мавриди баҳсу мунозира ва баррасии доманадор дар ҳошияи «Аз муҳаббат то хушунат як қадам!» баргузор гардид, ки бо сухани ифтитоҳии Раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликислом Наим Мунаввар  ба он ҳусни оғоз бахшид.   Мавсуф   баргузории чорабинии мазкурро дар ҳошияи «16-рӯзи мубориза авлайҳи зӯроварӣ нисбати занон» айни муддаодониста, аз ҷумла зикр дошт, ки бовуҷуди дар сатҳи давлат ва Ҳукумат як қатор қарору Барномаҳо ба хотири беҳдошти занон рӯи кор омада бошад ҳам, ҳанӯз мушкилии асосии бонувон дар оила ин пеш аз ҳама зӯроварӣ нисбати онҳо мебошад. Ва имрӯз кумиҷроияи шаҳрӣ ба хотири боз ҳам тақвият бахшидан ба ин масоили мубрам тасмим гирифт, ки бо иштироки занони фаъол,  рӯзгордида бобаргузории як чорабинӣ ин масъаларо матраҳ кунад.

         Дар баромади пурмӯҳтаво ва доманадори котиби масъули  «Шафақ» Абдусабур Абдуваҳҳобов зикр шуд, ки коршиносони  масоили иҷтимоӣ се навъи хушунати хонаваодагироимрӯздар ҷомеа мебинанд. Аввал, хушунати равонӣ, дуввум иқтисодӣ ё моддӣ ва сеюм ҷинсӣ,ки мутаассифона ҳар кадоме ин хушунат дар рӯзгори мо «ҷойгоҳ»-имахсус дорад. Номбурда бо мисолҳои мушаххас гуфтаҳои болоро ба собит расонид. Бинобар гуфти ӯ аз рӯи маълумотҳои Ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор» давоми 9 моҳи соли равон 1511 нафар бонувон бо мушкилоти хонаводагиашон ба ин марказ муроҷиат намуданд.Номбурда мушкилоти асро дар  ин ҷода аз маърифати пасти мардон медонад. Ва пешниҳод ҳам кард, ки минбаъд семинарҳои омӯзишӣ танҳо бо ширкати занҳо, балки бомардон низбаргузор карда шавад, то онҳо дар бораи оқибатҳои нохуши зӯроварӣ аз забони коршиносҳо маълумот пайдо кунанд.

         Дар ҳамоиши мазкур занони донишманд ва рӯзгордида Назокат Ёрматова,  Наимахон Мӯъминова ва корманди масъули ташкилоти ҷамъиятии «Гулрухсор»   Маҳфузахон Зиёбоева оиди масъалаи мазкур андешаҳои худро баён намуданд.  Ба андешаи Наимахон Мӯъминова  ҳалли масъалаи мазкур пеш аз ҳама бар дӯши падару модар вогузор аст. Агар дар оила ҳамдигарфаҳмию муносибати самимона пойдор бошад, падидаҳои номатлуб ногузир аз байн меравад.

         Дар фароварди чорабинӣ шумораи охирини нашрияи «Шафақ», ки ба ин масоилбахшида шуда буд ва варақаи ташвиқотиютарғиботӣ бо мӯхтавои «Азмуҳаббат мисҳо заррин шавад» паҳн карда шуд.

         Итминони комил дорем, дар такя ба занони хубу фармонбари порсо, нерӯманду фаъоли шаҳр дар бартарафсозии монеаву мушкилиҳо дар ин самт саҳми ҳадафманду созанда хоҳем гузошт.