Тадбиқи стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар кишвари мо давра ба давра амалӣ гардида истодааст, баёнгари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушдаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.

Бахшида ба иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ дар Маркази саломатии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева ширкат карда, ҳамаи кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон табрику муборакбод намуд.

Аз ҷумла қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд, ки «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад, бунёдгузори ҷомеаи нав бошад».

Аз ин рӯ, барои ҳифзи саломатии инсонҳо кадрҳои баландихтисоси тиббӣ, ки созандаву бунёдкор, навовару ташаббускор лозиманд. Мутахассисони босаводи тиббӣ барои рушди устувори соҳаи тиб саҳмгузор хоҳанд шуд.

 Дар интиҳои чорабинӣ ба зиёда аз 21 нафар кормандони Марказ, ки барои дохил шудан ба сафи ҳизб ариза пешниҳод намуда буданд, шаҳодатномаи ХХДТ супорида шуд.