Санаи 23-уми феврали соли 2016 мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва бахши Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо афсарону сарбозони комендатураи ҳарбии горнизони Суғд баргузор гардид. Дар ифтитоҳи чорабинӣ раиси Кумиҷроияи шаҳрӣ Наим Маликисломов ҳамаи афсарону сарбозонро ба муносибати таҷлили 23-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, барои хизматҳои шоёнашон дар ҷодаи ҳимояи Ватан миннатдорӣ баён намуд ва ба афсарони пешқадам тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи шаҳриро тақдим намуд. Инчунин, баҳри болидахотирии афсарону сарбозон барномаи фарҳангӣ бо иштироки санъаткорон баргузор гардид.