Парчам муаррифгари давлату миллат ба ҳисоб рафта, баҳри арҷ гузоштан ва эҳтироми он ҳамасола дар тамоми қаламрави кишвар санаи 24 – ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби аъзоёни фаъоли  Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аксия таҳти унвони “Ливои мост – ливои халқ” гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур аз тарафи кормандони кумиҷроия ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ба сокинони шаҳр варақаҳои табрикотӣ тақсим гардида, табрикоти ҳизбиён ба мардуми шаҳри Хуҷанд расонида шуд.

Мақсад аз ташкил намудани аксия ин бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ мебошад