Дар партави чорабиниҳо бахшида ба 25-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба амал татбиқ намудани Барномаи ҲХДТ ҷиҳати баланд бардоштани тарбияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ байни сарбозони филиали Донишкадаи ҳарбии мудофиаи Тоҷикистон мулоқоти судманду хотирмон баргузор карда шуд, ки бо сухани ифтитоҳӣ директори филиали Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сафарӣ Умед Анвар баромад намуд. Ба ақидаи ӯ такягоҳ ва сипари боэътимоди давлату миллат артиши миллӣ маҳсуб меёбад, ки дар роҳандозӣ намудани иқдомҳои башардӯстонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳми арзанда мегузоранд.

Мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Зеварой Бобоева кормандон ва сарбозону афсарони донишкадаро бо ҷашни тахассусиашон табрик намуда, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуда, оид ба саҳми босазои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи кадрҳои ватандӯсту шуҷоъу далер ибрози ақида намуд.