Бо мақсади татбиқи босамари фаъолият дар самти кор бо ҷавонони кумитаи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Бахши кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд барои муовинони раиси кумитаи маҳаллҳо оиди кор бо ҷавонон семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар семинар мудири бахш  Бахтиёр Исматҷонов бобати  нақша-чорабиниҳои пешбинигаштаи  мақомоти маҳаллӣ бахшида ба эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” маълумот дода таъкид намуд, ки амалишавии тамоми нақшаҳои тасдиқгардида аз масъулияту ташаббускории масъулини кор бо ҷавнони маҳаллаҳои шаҳр вобаста аст. Дар замина кормандони масъули бахш Дилшод Убайдуллоев, Абдувосит Ғафуров ва ҷавони фаъол Исматҷон Болтуев доири амалӣ гаштани кору тадбирҳои мушаххас  таҳкими фаъолияти маҳфилҳои ҷавонон дар маҳалла, тарзи дурусти коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ барои масъулони кор бо ҷавонони кумтаҳои маҳаллаҳо машварату дастурҳо дода шуд.