Бахшида ба 22- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Пас аз садо додани суруди миллӣ директори донишкада номзади илмҳои техникӣ Дилафрӯз Сангинова аҳли нишастро бо ин рӯйдоди таърихӣ шодбош гуфта, аз ҷумла баён дошт, ки Конститутсия Истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии пешрафту инкишофи давлату ҷомеаро бо воситаи меъёрҳои ҳуқуқӣ муайян сохт.

Дар баромади аъзои кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои иқтисодӣ Абдумавлон Азимов қайд шуд, ки Конститутсия бахтномаи миллат буда, он ҳуқуқу озодиҳои шахсро кафолат медиҳад. Маҳз инъикоси адолатгустарӣ дар Конститутсияи мо боис шуда, ки онро аз ҷумлаи беҳтарин конститутсияҳои олам эътироф кардаанд.

Номбурда дар идомаи суханронии худ аз таърихи ташкилшавии Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон дар  кумитаи ибтидотии иҷроияи ҲХДТ  ба номи Муҳаммад Осимӣ ёдовар шуда, саҳми аввалин роҳбаронои ташкилот А. Раззоқов ва А. Ҳоҷиевро зикр намуд.

Дар вазъияти тантанавӣ директори донишкада ва Абдумавлон Азимов ба чанде аз устодон ва кормандони наваъзошудаи донишкада шаҳодатномаҳои ҳизбиро супориданд.

Дар қисмати фарҳангӣ донишҷӯёни донишкада бо шеъру таронаҳо дар васфи Ватан ва бо рақсҳои дилошӯби худ хотири аҳли нишастро шод намуданд.