Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, волонтёрони ТҶҶ “Созандагон Ватан” дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази саломатии № 4 бо истиқоматкунандагони маҳаллаи “Навбаҳор” оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карданд.

Дар рафти чорабинӣ масъулин ба сокинон фаҳмониданд, ки ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа будн, натанҳо  пешгирӣ аз коронавирус, балки аз тамоми  бемориҳои мавсимӣ, ки дар фаслҳои тирамоҳу баҳор  авҷ мегиранд,  мебошад.

 Аз ин  хотир, ҳар як нафарро зарур аст, аз қоидаҳои беҳдоштӣ, маводҳои антисептикӣ  истифода карда, худ ва дигаронро аз ҳамагуна бемориҳо эмин нигоҳ дорад.