Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии назди кумиҷроия кору фаъолиятро дар самти корҳои дохилиҳизбӣ аз ҷумла зиёд намудани сафи аъзои ҳизб дуруст ба роҳ монда, кӯшиш бар он дорад, ки сафи аъзоёнро аз ҳисоби шахсони арзанда афзоиш диҳад.

Аз ин лиҳоз санаи 01.08.2019 дар  ташкилолоти ибтидоии “Эндокринология”  ба 15 нафар  кормандони  фаъол, ки қаблан барои дохил шудан ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ариза пешниҳод намуда буданд, аз ҷониби Раиси ташкилот Алишер Набиев шаҳодатномаи ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ  супорида шуд.