Бо мақсади фаҳмонидани зарурияти баргузории раъйпурсии умуми халқӣ оиди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру вазифагузориҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд рӯзи гузашта раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наим Маликисломов бо устодони литсейи политехникии рақами 44-и шаҳр ва сокинони маҳаллаи Шарқ вохӯрӣ доир намуд. Раиси кумиҷроия Наим Маликисломов зимни суханронии худ қайд кард, ки асри навин асри таҳавулот ва фарҳанги техникӣ маҳсуб ёфта, вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ замона ҳам дигар шуда истодааст. Барои беҳдошти вазъияти иҷтимои сиёсӣ, ҳамчунин вобаста ба дигаргун шудани қоидаҳои имлои тоҷикӣ Ҳукумати Ҷумҳурӣ лозим донист, ки зимни як раъйпурсӣ ба сарқонуни кишвар тағйирот ворид намояд. Номбурда дар идомаи суханрониаш таъкид намуд, ки Конститутсияи кишвари мо аз лиҳози таъмини адолат ва шаффофият дар раванди ҳама ҳуқуқҳои шаҳрвандон чун беҳтарин конситтитутсия шинохта шудааст. Дар суханронии устоди ДДХ И.Ҷабборов низ зарурияти воридкунии тағйиротҳо ба Сарқонуни кишвар бо мисолҳои воқеӣ гуфта шуд. Дар фарҷом миёни муҳассилин ва меҳмонони вохӯрӣ саволу ҷавоб оиди Консититутсия сурат гирифт.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10236
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10057
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8185
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7978
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7347
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1208
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1245
-
Қадршиносии наворбардори Иҷлосияи тақдирсоз2017-11-16 1415
-
ҚАДРШИНОСӢ БА МЕҲНАТИ ШОИСТА2023-05-06 184
-
Ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳа дар кумитаи иҷроияи ибтидоӣ2017-10-05 1362
-
Идомаи ташвиқоту тарғибот дар маҳалҳо2020-07-30 918
Меҳмонон