Ҳамасола оғози моҳи май дар кишварамон алоқачиён ва кормандони радио ҷашни касбиашонро ботантана таҷлил мекунанд. Воқеан ҳам, ҳаёти ҳаррўзаи худро бе воситаи алоқа ва радио тасаввур кардан нашояд. Зеро додугирифти маълумотҳо, воситаи мубодилаю муошират ба гўшаву канори олам маҳз аз сатҳ ва сифати алоқа вобаста мебошад. Нақши алоқа махсусан дар солҳои аввали соҳибистиқлоли кишвар хеле калон буд. Зеро ҷараёни шаффофона инъикос ва паҳн кардани ахбори саҳеҳро аз рафти Иҷлосияи 16-уми Шўрои олӣ, ки асоси тинҷиву амонии мамлакатамон гардид, маҳз кормандони алоқа ба зима доштан ва бояд ошкоро иқрор шуд, ки онҳо ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуданд.

Гузашта аз ин, хотирнишон бояд шуд, ки маҳз заҳмати содиқонаву сатҳи баланди касбияти рўзноманигорони соҳаи радио буд, ки гурезагон тавассути барномаи «Хоки Ватан аз тахти сулаймон хуштар» дубора ба зодбуми худ баргаштанд. Дар солҳои минбаъда ба шарофати сиёсати ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи алоқа дар кишварамон рушд карда, ба фаъолият шурўъ намудани ширкатҳои мобилӣ, ба тарзи рақамӣ гузаштани телефонҳои шаҳрӣ ба сокинон сабукиҳои бештар бахшид. Имрўз Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати алоқа дар кишварҳои пасошўравӣ яке аз мақомҳои шоистаро соҳиб аст. Ҳамзамон арзи ҳастӣ намудани даҳҳо рўзномаву маҷаллаҳо ва оҷилан то ба мардум расонидани онҳоро  корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» новобаста аз гарони иқтисодӣ, мушкилии роҳ саривақт ва босифат анҷом медиҳанд.

Ба хотири арҷгузорӣ ба меҳнати шоистаи кормандони алоқа, радио ва «Почтаи тоҷик» 6 майи соли 2023 бахшида ба Рўзи касбии алоқачиён  дар ташкилотҳои ибтидоии Филали суғдии ҷамъиятии «Телеком» ва КВД «Почтаи тоҷик» чорабинии идона доир гардид.

Мудири шуъбаи нақлиёт ва алоқаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Олим Очилзода, мудири бахши нақлиёти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Толиб Бобозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Фирдавс Салимов, сарвари корхонаи Филали суғдии ҷамъиятии «Телеком»  Сўҳроб Ғоибов, сарвари КВД «Почтаи тоҷик» Абдуманнон Юсупов ва муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева кормандони соҳаи алоқа ва почтаро бо ҷашни касбиашон шодбош гуфта, нақши  онҳоро дар пешбурди маънавиёту иҷтимоиёт нек арзёбӣ намуданд.

Дар баромади Муҳаббат Ӯрунбоева махсус таъкид шуд, ки ҳизбиёни ин ду ташкилоти бонуфуз бо амалҳои созандаи хеш робитаро бо кумитаи иҷроияи шаҳрӣ қавӣ намуда, дар баргузории чорабиниҳои мухталиф мунтазам ҳамкории судманд менамоянд. Инчунин фаъолияти ташкилотҳои мазкур дар ҷалби аъзои нав, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, пардохти аъзоҳаққӣ ва то сокинон бурда расонидани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҳизб боиси зикр аст.

Ба сифати қадршиносӣ аз меҳнати шоёни кормандон аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд якчанд нафар аъзои фаъоли ташкилотҳои мазкур дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.