Дар асоси вазифагузории Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии сироятёбии шаҳрвандон ба бемории коронавирус   бурдани корҳои иттилоотӣ аз ҷониби аъзоёну фаъолони ҲХДТ  дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза идома дорад.

Аз ҷумла, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд санаи 30.07.2020 дар  маҳаллаи Суғдиён тариқи гардиши ҳавлӣ ба ҳавлӣ  дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Аъзои гурӯҳи ташвиқотӣ дар ҳайати аъзоёни ситодҳои  вилоятӣ ва шаҳрӣ бо намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ дар манзили зисташон вохӯрда, ба онҳо қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии Ковид – 19  - ро фаҳмониданд. Дар рафти мулоқот ба шаҳрвандон муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тақсим гардид.