Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд мудири шӯъбаи кор бо  ҷавонони кумиҷрои Ҳусейнхон Охунҷонов ва мутахассиси шӯъбаи таблиғоту иттилоот  Олимҷон Норматов  ҷиҳати таблиғи арзишҳои ҷомеаи  демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ташвиқу тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, фаҳмонидани ғояҳои созандаи ҳизб, омӯзиши фаъолияти корӣ ба ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар «Бозори Панҷшанбе»,  бозори «Афросиёб», бозори «Абдулазиз» ва бозори «Бадри мунир» ташриф оварда, ҳамчунин раванди қабул ба сафи ҳизб, омўзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши нақшаи кории Комиссияи кор бо занону ҷавонон ва фаъолияти онҳо, низоми ҳуҷҷатгузорӣ, баргузории ҷаласаҳои ҳизбиро мавриди омӯзиш қарор доданд.