Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд чун ташкилоти муқтадир барои боз ҳам бештар ҷалб намудани аъзо ва пайравони хеш, шиносоӣ бо ҳадафҳои барномавии ҳизб пайваста саъй меварзад. Дар остонаи 25 – солагии таъсисёбии ҳизб дар мактаби мусиқии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд, ки тобеияти ташкилоти ибтидоии фарҳанг мебошанд, вохӯрии муовини Раиси кумиҷроияи шаҳрӣ Муҳаббат Ӯрунбоева ва муовини раиси шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Уғулой Умаралиева бо ҷомеаи меҳнатии ин боргоҳи ҳунар доир карда шуд.

Муҳаббат Ӯрунбоева зимни баромади хеш баён дошт: “Наздик ба 25 - сол аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун нерӯи пешбар дар ҳаёти сиёсии кишвар фаъолият дошта, бо барномаи мукаммали хеш дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва маънавиёт нақши мондагор дорад”.

Номзади илмҳои суханшиносӣ Уғулой Умаралиева дар баромадаш таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зода ва парвардаи даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб ёфта, рисолат ва масъулияти гарони сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, созандагиву ободкориро бар дӯш дорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тараннумгари дастовардҳои навини мамлакат буда, дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат тавъам бо риояи қонунҳои Оиннома ва Барномаи ҳизб ва дар ин радиф дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати ҳалли мушкиливу муаммоҳо фаъолияти судманд ба роҳ монда меояд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба 20 нафар аъзоёни нав шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.