Даст ба амали хайру савоб задан аз суннатҳои неки тоҷикон ба шумор меравад. Хосса дар арафаи ин ё он ҷашнҳои миллӣ аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор аҷру савоби бештар дорад. Яке аз фазилатҳои моҳи шарифи рамазон маҳз дар раҳмдиливу нигоҳи нек доштан ба ин қишри ҷомеа мебошад. Бо назардошти моҳи махфирату бахшиш будани яке аз ҷашнҳои бузурги мусулмонони олам Иди саиди фитр Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ба аёдати 10 нафар сокинони маҳаллаи «Чорчароғ» ва кӯчаи марказии шаҳр рафтанд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Наим Маликисломов ва кормандони дастгоҳи кумиҷроия шахсан аз ҳолу ахволи ниёзмандон пурсон гардида, табрикоти роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва Кумитаи иҷроияи Вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро расониданд ва ба онҳо кӯмакҳои хайриявӣ намуданд. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳои давлат ва ҳизб аёдатшудагон шукронаи тинҷиву амонии кишварро намуда, афзуданд, ки ҳам мақомот ва дигар сохторҳои давлатӣ пайваста аз аҳволи онҳо хабардор мешаванд. Чунин тадбирҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳр идома дорад.