Дар арафаи ҷашнгирии 71-умин солгарди иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тасмим гирифтааст, ки бо ҳамдастии ташкилотҳои ибтидоӣ ҳамаи 15 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намоянд. Чунончи рӯзи гузашта шахсан раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ва раиси ташкилоти ибтидоии Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд Латифӣ Ҳоҷарой иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокини кӯчаи Себзори шаҳри Хуҷанд Ҳабибулло Хоҷаевро аёдат намуда, ба ӯ маводҳои хӯрока дастрас намуданд. Ҳабибулло Хоҷаев зимни сӯҳбат аз дастгирию ғамхории давлат ва ҳукумат изҳори шодмонӣ намуда, бори дигар аз рӯзҳои дар ҷанг будааш ёдовар шуда, қайд кард, ки бояд насли имрӯз аз тинҷиву амонӣ ва сулҳу суббот шукрона намуда, паи ободии диёр шаванд.