Дар остонаи таҷлили ҷашни Рӯзи Модар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷоя бо кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд бо мақсади арҷгузорӣ ба занону бонувон аксияи вилоятиро таҳти унвони “СУБҲАТОН БА ХАЙР, МОДАРҶОН!” доир намуд. Аксияи мазкур субҳи имрӯз бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроия дар якҷоягӣ бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ва 50-нафар донишҷуёни фаъоли Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон сурат гирифт. Онҳо ба табрики коргарон-бонувони КВД “Хоҷагии манзилӣ- комуналӣ” шаҳри Хуҷанд, ки ба тоза кардани кӯчаҳои шаҳрамон машғул ҳастанд, рафта онҳоро бо Рӯзи модарон табрику муборакбод намуданд. Зимни мулоқоти озоду самимӣ дар баробари суҳанҳои пурмеҳр, ҳамзамон барояшон нони гарму ширинӣ тақдим намуданд. Бонувони аз ин иқдом ва шунидани номаи табрикотии ҲХДТ шоду хуррам гардида миннатдории хешро ба Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ баён намуданд.