Мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кулли ҷавонони фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд табрику таҳният мегӯям. Расидан ба рӯзҳои саодат ба шарофати заҳматҳои пайгиронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба даст омад. Шахсияти инсонию маънавӣ ва соҳибхирадии сарвари созандаи мардум, Ҷанобои Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон ба мисли офтоби тобони бахт мебошад, ки 28 сол инҷониб ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гармӣ ва нуру рӯшноӣ мебахшад.

Воқеан, Пешвои муаззами миллат ҳамчун бунёдгузори тафаккури навини давлатсозии миллӣ ва дурахшонтарин чеҳраи сиёсӣ бо азму ирода ва нерўи созанда ба халқу Ватани маҳбубамон хизмати шоиста карданд ва эътимоди мардуми кишварро соҳиб гардиданд. Дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби зиёда аз 90 фоизи овози интихобкунандагон гардиданашон бори дигар исбот намуд, ки халқи кишвар ба Ҷаноби Олӣ эътимоди комил доранд.

Фаро расидани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бароятон муборак бод! Бигзор таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати мо ба қуллаҳои бахту саодат, Ватани маҳбубамон ба марҳилаи рушду тараққиёти бесобиқа расанд. 

 

 

 

Бо камоли эҳтиром; 

Роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и шаҳри Хуҷанд
Исоев Э.М.