Мақому манзалати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа сол то сол боло рафта, ташаббусҳои созандаи ҳизб миёни омма хуш пазируфта мешавад. Хеле хушоянд аст, ки дар солҳои охир фаъолияти ин ташкилоти муқтадир ба сифати нерӯи ояндасоз хеле чашмрас гардида, сафи аъзоён марҳила ба марҳила аз ҳисоби ҷавонону бонувон зиёд мегардад.

Ташкилоти ибтидоии Якуми май аз ҷумлаи ташкилотҳои бонуфуз дар шаҳри Хуҷанд маҳсуб шуда, сафи аъзоёнро бештар коркунони мақомотии  иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил медиҳанд.

Рӯзи гузашта бо натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи ташкилоти ибтидоӣ мудири шуъбаи кор бо занон Заррина Манонова ва мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи кумиҷроияи шаҳрӣ Эҳсонҷон Исоев  дар ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти мазкур ширкат варзиданд.

Заррина Манонова зимни баромади худ баён дошт, ки имрӯз беш аз пеш таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба ҳизб зиёд гардида, мардум дар симои коркунони ҳизб ҳомӣ ва пуштибони худро мебинад. Аз ин хотир бояд ҳар як узви ҳизб ташаббускорӣ нишон дода, дар баргузории чорабиниҳои мухталиф фаъолонокӣ зоҳир намоянд

Дар идомаи чорабинӣ ба 10 нафар аъзоёни нави ҳизб, ки ҳамагӣ кормандони Сарраёсати молияи вилоят ҳастанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлили
КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд