Аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Модар дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд занону модаронро табрик намуда, ба онҳо варақаҳои табрикотии Кумиҷроияи шаҳрии ҳизбро тақдим намуданд.

                  Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,

                  Хуш дар сар, равшани дар дидаи бинои мо.

                  Зан набошад, нест дар руйи замин накши хаёт,

                 Дон, ки бе зан то абад гил бимонад пои мо!

         Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нуш аз ангубин, гарми аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, боронгарӣ аз абр, равшани аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро катра-катра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

       Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллат мебошад.