Дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имрӯз 15 феврали соли 2023 рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он ахборотчиён дар мавзӯи “Артиши миллӣ-сипари боъэтимоди Ватан” дар назди иштирокчиён баромад намуданд.

Аз ҷумла хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии «Алиҷон Солиев» бо иштироки хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и шаҳри Хуҷанд доир гардид.