Рӯзи гузашта дар Кумитаи андози шаҳри Хуҷанд оид ба таъсис додани ташкилоти ибтидоӣ маҷлиси васеи кормандони мақомоти андози шаҳр баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ширкат варзид. Наим Маликисломов доир ба масъалаҳои дохилиҳизбӣ, тартиби таъсис додани ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ва қабул ба узвият тибқи оинномаи ҳизб сухан ронда, ғояҳо ва самтҳои асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро шарҳу возеҳ дод ва дар вазъияти тантанавӣ ба 7 нафар кормандони коргоҳи мазкур шаҳодатномаҳои ҲХДТ супорида шуданд. Сипас, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои аъзоёни ҳизб ва кормандон якдилона ташкилоти ибтидоии ҲХДТ ташкил карда шуда, Раиси ташкилоти ибтидоӣ Сулҳия Алимова интихоб гардид. Раиси навинтихобгардидаи ташкилоти ибтидоӣ Сулҳия Алимова Раиси кумиҷроияро боварӣ кунонид, ки ҳамаи аъзоёни ҳизб барои амалӣ гардонидани Барномаи ҲХДТ ва дастгирии сиёсати хирандмандонаи Сарвари давлат ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ медиҳанд.