Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 – и шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили маҷиси вакилони халқи вилояти Суғд Саодат Аминҷонова ва раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар бо интихобкунандагон дар мавриди истифодаи сарфакоронаи нерўйи барқ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷалби шаҳрвандон, аз ҷумла наврасон, ҷавонон, донишҷўён, омўзгорону устодон ба таълими динӣ ва иштироки онҳо дар арсму оинҳои динӣ ва тақлидкорӣ ба либоси бегона ва истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.