Дар асоси барқияи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти №10 бахшида ба моҳи май «Моҳи ҷавонон» дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд имрӯз 17 май рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он ахборотчиён дар мавзӯи «Ҷавонон – дар шоҳроҳи бунёди ҷомеаи навин» дар назди иштирокчиён баромад намуданд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар ҷаҳони муосир ҷавонон яке аз гурўҳҳои фаъоли аҳолиро ташкил дода, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мегарданд. Зеро тибқи маълумотҳои омории умумиҷаҳонӣ теъдоди ҷавонони 14 - 24 сола беш аз 1,19 миллиард дар ҷаҳон мерасад, ки ин рақам назар ба даҳсолаи охир 170 млн. нафар афзудааст, ки онро метавон аз 5 як қисми аҳолии рўи дунё номид. Дар байни дигар кишварҳо синни миёнаи аҳолии Тоҷикистон ҷавонтарин ба шумор рафта, 70% аҳолиро ҷавонони синни то 30 сола ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, ҷавонон ба шароитҳои нави ташаккулёбии ҳаёти ҷаҳонишавӣ тез мутобиқ мешаванд ва ҳамчун раҳнамои раванди ҷаҳонишавӣ баромад мекунанд.

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои марбут ба ҷавонон яке аз омилҳои асосӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Зеро дар ҳамаи марҳалаҳо давлат кўшиш намуда истодааст, ки дар маърифати зеҳниву ақлонии насли ҷавон тарбияи ғоявӣ, миллӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, ахлоқиву ватандўстӣ, инсондўстӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, зебоипарастӣ, тарбияи меҳнатӣ, таҳаммул ва тоқатпазирӣ, масъулиятшиносӣ ва амсоли инҳо ҷой дошта бошад то ҷавонони мо мутобиқи талаби замон ва ҳамчун мутахассисони баландихтисос ба воя расида, ба ҳаёти осоишта роҳёб гарданд.

Имрўз ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун муҳаррики асосӣ ва пешбарандаи давлату миллат маҳсуб гардида, дар ҳамаи самтҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар ва рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат хизмат менамоянд. Аз ин лиҳоз, давлату ҳукумат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус дорад.

Яке аз аввалинҳо шуда, байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз шаш моҳи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ (моҳи марти соли 1992) Қонуни нахустини хешро “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул намуд. Барои дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон 23 майи соли 1997 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо ҷавонони кишвар аз таъсис додани мақомоти ваколатдори давлатӣ ба ҷавонони кишвар мужда расониданд. Дар натиҷа, тибқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» аз 23.05.1997, №727 ва «Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақоми ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон ба фаъолият шурўъ намуд ва аз соли 1998 инҷониб санаи 23-юми май ҳамчун Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар кишвар бошукўҳу шаҳомати хоса ва шодиву сурур таҷлил карда мешавад. Таъсис ёфтани Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баррасии масъалаҳои ҷавонон, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ доир ба «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018», муайян намудани Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавони кишвар дар риштаҳои илм ва қадршиносии ҳамасолаи он, Квотаҳои Президентӣ барои ҷавонписарон ва ҷавондухтарони шаҳру ноҳияҳои дурдасти Тоҷикистон, Стипендияҳои Президентӣ барои хонандагону донишҷўёни макотиби миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” барои таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон  мисоли  равшани амалҳои неки давлату ҳукумат ва умед ба гулгулшукуфии ояндаи Тоҷикистон аст.

Таваҷҷуҳи давлату ҳукумат нисбат ба ҷавонон буд, ки имрўзҳо дар ҷумҳурӣ беш аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманди Тоҷикистон аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд. 72 мақомоти давлатии кор бо ҷавонон, беш аз 150 ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон ва 63 марказҳои ҷавонон аз қайд гузашта, бо ҷавонон сару кор мегиранд ва ба ин қишри фаъоли ҷомеа хизмат мерасонанд.

Ғамхориҳои рўзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон ва ҳадафҳои асосии санадҳои меъёрии ҳуқуқии батавсибрасида (қонунҳо, стратегия, консепсия ва барномаҳои дурамал) пеш аз ҳама барои фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти фарох ҷиҳати иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ, ба шуғл фаро гирифтан, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, амалисозии усулҳои муосири муқовимат бо ҳурофотпарастӣ, тундгароӣ, терроризму экстремизм ва ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин, тарғибу ташвиқи эҳсоси ватандўстӣ, худшиносии миллӣ, таъмини таҳсилоти муносиб, таҳкими фарҳанги оиладорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо, тарзи ҳаёти солими ҷавонон ва амсоли инҳо нигаронида шудааст.

Дар заминаи татбиқи сиёсати кадрӣ дар ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар бо такя ба нерўи зеҳнии ҷавонон ба кадрҳои ҷавони роҳбарикунанда бештар таваҷҷўҳи махсус зоҳир гардида истодааст. Ташкил додани 50% теъдоди ҷавонони то 35 солаи хизматчиёни давлатӣ ва 23% азми фаъолият доштан дар вазифаҳои роҳбарикунанда боварӣ ба ояндаи неки Тоҷикистон аст.

Пешвои миллат дар сиёсати худ рушди босуботи кишвар ва инкишофи самтҳои мухталифи хоҷагии халқро пеш аз ҳама аз сатҳи маънавияту фарҳанг, донишу маҳорат ва аз кўшишу ғайрати худи ҷавонон вобаста медонанд. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд “Ба Тоҷикистон пеш аз ҳама ҷавонони соҳибмаълумот, кордону ҳунарманд, мутахассиси соҳибкасби ба талаботи замона ҷавобгўй заруранд. Ба ин кор танҳо бо воситаи ҷустуҷўйҳои нави эҷодӣ, тарбиявӣ, илмӣ, ҳамчунин таҷрибаю маҳорати омўзгорони эҷодкорро истифода бурдан, бо худомўзӣ машғул шудан дар таълиму тарбияи шогирдон муваффақ шудан мумкин аст».

Бо дарки муҳиммияти илму фарҳанг ва ҷалби ҷавонон ба китобхонию донишандўзӣ ва рушди ҳамаҷонибаи мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илм ва маорифро дар мадди аввал гузошта, дар таърихи начандони дури Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сатҳе боло бардоштанд, ки ҷавонону наврасон дар зинаҳои гуногуни таълиму тарбия: кўдакистонҳо, мактабҳои маълумоти миёна ва донишгоҳҳо сабақ мегиранд. Имрўз дар Тоҷикистон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба таҳсил додааст, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии касбӣ» фаъолияти ҳамаи зинаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабӣ ва донишгоҳҳои олии кишварро назорат ва ба танзим медарорад. Стратегия, Консепсия ва Барномаҳои дурамали Ҳукумати ҷумҳурӣ барои рушди илм ва соҳибилму соҳибмаърифат гардидани ҳар як сокинони он нигаронида шудааст, ки сол аз сол нуфузи бештар пайдо менамояд.