Дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Хуҷанд бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ» ва бошандагони маҳалла доир ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир шуда, дар он аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, мудири шӯъбаи кор бо занони кумиҷроия Мукаррама Неъматова ширкат варзида, қайд кард, ки паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои хоси худ аз ҳамдигар фарқ намуда, дар заминаи вазъи воқеии ҷаҳони муосир ва масоили мубраму муҳим расонида мешаванд. Инчунин дар мулоқот роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и кумиҷроияи шаҳрӣ Маҳмадсалим Ҳаитов ширкат намуда, доир ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат ибрози назар намуд. Зикр шуд, ки Сарвари давлат сиёсати давлатии ҷавононро дар меҳвари сиёсати оқилона ва пешгирифтаи худ қарор дода, ҷавононро ба соҳибмаърифатӣ, аз бар намудани илму донишҳои муосир, касбу ҳунарҳои замонавӣ, забономӯзӣ, ҳисси ватандорӣ ва ифтихор аз арзишҳои давлатӣ ҳидоят менамоянд. Ҳамзамон аъзои фаъоли ҲХДТ дар кумитаи маҳаллаи «Чорчароғ» Абдувоҳид Раҳимов баромад намуда, зикр дошт, ки сокинони маҳаллаи мазкур ҳамеша тарғибкунанда ва ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ буда, ҷиҳати ободу шукуфон гардонидани ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми назарраси худро мегузоранд.