Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  неъмати бузург  барои миллати тоҷик аст, ки он бо шарофат ва сиёсати некбинона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, имрӯз халқи тоҷик бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи  кишвар зиндагии осуда доранд.

Имрӯз мо бояд ба қадри ин неъмати бузург расем ва онро ҳамеша қадр намуда, барои пойдории сулҳ ва боз ҳам пешрафту тараққиёт ва шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саҳми арзандаи хешро гузорем.

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар арафаи пешвозгирии 31 – умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бошандагони Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони  шаҳри Хуҷанд чорабинии идона  баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар виляти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон,  муовини раиси шаҳри шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иштирок намуда, бошандагони марказро бо ҷашни соҳибистиқлоли кишвар табрик намуданд.

 Таъкид гардид, даврони соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд.

Воқеан, соҳибистиқлолии кишвар ин неъмати бузург баробари ба даст овардани нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба миллати тоҷик ва Тоҷикистони азиз насиб гардидааст.

Зикр гардид, ки   таваҷҷуҳ ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, шахсони маъюбу танҳо, ятимон, мактаб-интернатҳо ва аз ҷумла  бошандагони маркази мазкур ҳамеша дар мадди аввали  давлату ҳукумат қарор дошта, дар ҳар иду айём ба онҳо  кӯмаки моддӣ ва маишӣ  расонида, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки дар Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолон ва маъюбони  шаҳри Хуҷанд 58 нафар бошандагон зиндагонӣ мекунанд, ки 26 нафар мардҳо ва 32 нафар занонҳо мебошанд. Таҳти роҳбарии директори марказ Абдуазиз Зуҳуров ва 33 нафар кормандон шабонарӯзӣ ба онҳо хизмат мекунанд. Дар ин марказ тибқи роҳҳат эҳтиёҷманд қабул гардида, давоми соли равон 9 нафарро ба маркази мазкур қабул шуда, 4 нафарро ба муҳити оила баргаштанд. 

 Дар ин рӯз аз тарафи кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд барои бошандагони марказ дастархони идона ташкил  ва туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. Инчунин сарояндагони бахши фарҳанги шаҳр бо сурудҳои ҷаззоби худ ба чорабинӣ ҳусни идона бахшиданд, ки то дер дар хотири онҳо нақш хоҳад монд.