Дар ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ бо ширкати беш аз 250 нафар устодону донишҷӯён ҷамъомад доир гардид. Номзади илмҳои таърих Мӯътабар Ғозиева дар гузориши худ иброз дошт, ки таърих бо шахсиятҳои бузургаш ифтихор дорад. Боиси хушбахтист, ки сарвари олишони мо бо хизматҳои бузурги худ дар пойдории сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани вазъи некӯаҳволии халқ хизмати бузург намудааст ва мезад, ки ӯро ҳамеша чун пешво ва роҳнамои миллат эътироф намоем. Сармуҳаррири нашрияи «Меҳвари дониш» Абдусабур Абдуваҳҳобов дар суханронии хеш аз иқдомҳои наҷибонаи Президенти кишвар бобати шинохти миллӣ сухан намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки сиёсатмадори варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон натанҳо ғами миллати худ, балки ҷони миллионҳо нафар сокинони сайёраро мехӯрад. ӯ аз минбари баланд СММ ва конфронсу симпозиумҳо пешниҳод кард, ки ба об ҳамчун неъмати бузурги табиат муносибат намоем. Онро эҳтиёт ва сарфакорона истифода барем, чунки ояндагон низ аз он баҳра гиранд. Ин дурнандешӣ ва соҳибхирадӣ обрӯи тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бурд. Ва имрӯз ҳамвазни ӯ дар кишвар лидери сиёсӣ нест ва инро бояд эътироф кард. Дар фарҷом аъзои фаъоли ҲХДТ Фаррух Аминов аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки асарҳои безаволи роҳбари давлатро дар бораи имрӯзу фардои кишвар мутоила кунанд ва бо ин шахсияти таърихӣ ифтихор намоянд. Бо ҳамин ҷамъомад анҷом ёфт.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10200
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10023
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8149
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7946
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7314
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1177
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1213
-
Машқи пагоҳӣ тарғибгари тарзи ҳаёти солим2016-10-24 1572
-
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ2019-11-15 977
-
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад2015-04-30 1534
-
Маҷлиси Комиҷроияи шаҳрӣ2014-10-12 1344
Меҳмонон