Кормандони шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд бо руҳияи болидаву ифтихор аз ватану ватандорӣ субҳи имрӯз дар толори коргоҳ  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қайд намуданд.

Рустам Пӯлодов, сарвари шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд зимни баромади хеш таъкид дошт, ки аз рӯзҳои нахустин Роҳбари мамлакат барномаҳои мукаммали давлатиро тарҳрезӣ намуданд, ки асоси онҳоро рушд ва эъмори давлатӣ, таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ чун стратегия ва дурнамои тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташкил намуданд. Дар бахши таҳкими истиқлолияти энергетикӣ дар кӯтоҳтарин фурсат тибқи шартномаи сармоягузории шарикони боэътимоди стратегӣ ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Қабули «Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давоми солҳои 2009-2020», оғоз бахшидан ба сохтмони сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва иваз намудани маҷрои дарёи Вахш, ки бузургтарин нерӯгоҳи минтақа маҳсуб меёбад, раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат майлони тозае бахшида, Тоҷикистонро ба кишвари манбаи нур ва равшанӣ табдил  дод.

Сармуҳаррири нашрияи «Шафақ»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Абдусабур Абдуваҳобов аз номи кумиҷроияи шаҳрӣ кормандони шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷандро бо ин рӯзи саид муборакбод намуда, баён дошт, ки рисолати мо- ҳар як шаҳрванд сидқдилона дӯст доштани ин обу хоки Ватан ва саҳм гузоштан дар эъмори бузурги қасри Истиқлолият аст. Ҳамчунин мо вазифадорем, ки роҳбари худро азизу муқаддас дорем. Он касро дар ҳама соҳаҳо дастгиру мутакко бошем. Сарвари давлат барҳақ президенти мардумӣ ҳастанд. Зеро дили бекина, андешаи солим, садоқати беинтиҳо ба ҳар як сокини кишвар доранд. Пас мо низ дар ҷавоб бояд садоқати хешро изҳор намоем, балки аз самими дил он касро дӯст дорем ва ба хизматҳояш арҷ гузорем. Эмомалӣ Раҳмон арзандаи ҳамаи ситоишҳост. Он кас воқеан ҳам Пешвои миллат ва роҳнамои зиндагии мост.

Насрулло Усмонов, сардори шуъбаи кор дар татбиқи лоиҳаҳо ва  Нурулло Неъматов, раиси кумитаи Иттифоқи касабаи корхонаҳо дар баромадҳои хеш аз хизматҳои шоёни Сарвари давлат вобаста ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳарф заданд.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт.