Дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №27-и шаҳри Хуҷанд вохўрии номзадон ба маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Масҷиди Сурх-5” Махкамова Гулбаҳор Махсудовна -ҷонишини директори кулли бонки “Имон-интернешнл” ва Турсунов Хаём Алибоевич сардухтури Маркази саломатии бачагонаи дандон бо интихобкунандагон доир гардид. Фирўза Набиева, шахси боэътимоди Махкамова Гулбаҳор ба ҳозирин аз кору фаъолият ва барномаи пешазинтихоботии номзад гузориш дод. Сипас раиси КИ ҲХДТ Наим Маликисломов дар шаҳри Хуҷанд аз хислатҳои ҳамидаи Гулбаҳор Махкамова ёдовар шуда, қайд намуд, ки номбурда яке аз фаъолони ҲХДТ буда, дар пешбурди ормонҳои ҳизбӣ саҳми шоиста дорад. Баъдан миёни интихобкунандагон ва номзадон гуфтугўи озод атрофи мушкиливу муаммоҳои маҳаллаҳои “Раззоќ” ва “Масҷиди Савр” дар мавриди мумфарш кардани роҳҳои кӯчаҳо, дастрасӣ ба оби нўшокӣ, болопўш намудани бинои чойхона сурат гирифт. Номзадон ваъда доданд, ки барои ҳалли мушкилиҳо ба мардум ёрмандӣ менамоянд.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10236
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 10056
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8184
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7978
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7347
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1208
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1245
-
Таҷассуми Наврӯз дар осори Абурайҳони Берунӣ2022-03-27 435
-
Варзиш –кафили зебову саломат будани инсон аст.2019-04-27 1351
-
Изҳорот: Хиёнат амали нобахшиданист!...2020-08-10 1067
Меҳмонон