Бо мақсади тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, омода намудани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои инсондӯстӣ ва хештаншиносӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим санаи 27 апрели соли 2019 мувофиқи нақшаи якҷоягии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳомии Ваҳдат» ва «Сипари Сулҳ» мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ бахшида ба 74 – солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон байни донишҷӯёни омӯзишгоҳҳо касбии техникии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Мусобиқаи ҳарбӣ – варзишӣ аз рӯи 8 намуд вазнкашӣ дар турник, вазнбардорӣ, ҳаво додани норинҷак, кашидани арғамчини даставӣ, омодагии дифои ҳарбӣ (даставӣ), давидан ба масофаи 100м, тайёрии сафороии ҳарбӣ (даставӣ), тирпаронӣ аз яроқи пинивматӣ баргузор гардид.

Дар натиҷа, Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбии техники сохтмони шаҳри Хуҷанд ҷои сеюм, Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ - политехникии шаҳри Хуҷанд ҷои дуюм ва Муассисаи давлатии таълимии Литсейи касбӣ - хизматии шаҳри Хуҷанд ҷои аввалро ишғол намуданд.

Дар охир, дастаҳои ғолиб бо Ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳомии Ваҳдат» ва «Сипари Сулҳ» мукофотонида шуданд.