Хиёнатро аз рафтори пасти нафароне медонанд, ки бо амалҳои ноҷавонмардонаву тӯҳмату бӯҳтон ба нафаре, ё ки бар халқе равона мегардад. Мутаассифона, халқи тоҷикро боз имтиҳоне дар пеш будааст, ки аз ҳаммиллатони худ нисбат ба давлат ва идоракунии он тӯҳмату сафсатагӯиҳои зиёдеро мешунаваду бар он разилон ҳазорҳо нафрат мехонад... Дар ин ҷода номбар намудани ба ном тоҷикони “асил” – у «ватандор»-и халқи тоҷик Муҳиддин Кабириву Шарофиддини Гадо, Мирзои Салимпуру Саидюнуси Истаравшанӣ, Темур Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Салими Аюбзод, ки дар мамолики хориҷ иқомат доранду бо номаш ба тоҷикону тоҷикистониён танҳо ободиву озодӣ меоранд, танҳо ба манфиати халқ ҳар қудуми худро “қурбон” мекунанд, фикр мекунем ба хонандаи гиромӣ танҳо асбоби хандаанд.Бештари ин гуна афроди ҷомеа, кидар гузашта дузду ҷинояткор ва ё нашъамандӣ мекардаандбарои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин устокорона истифода мебаранд ба монанди собиқ роҳбари ҲНИ.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавии бошиддат вазъи сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти бо суръати шадид пеш рафта, низоҳои байнимазҳабӣ ва марзӣ ҷиноятҳои мутташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандонро бештар талаб мекунад. Зеро ин падидаи бад на танҳо пайванди худро дар манзилҳои харобкардаи худ канданӣ нест, балки монанди растании заҳрпеч нияти реша давондан дар тамоми оламро пешаи худ кардааст, шаҳрвандони Тоҷикистон, бахусус ҷавононро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, бо азму талошу боварӣ роҳ ба сўи ояндаи ободу шукуфони Ватани азизамон гиранду бар қасди нохалафон обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардоранд.

Таърих гувоҳ аст ва ҳар киву ҳар чӣ ки алоқаманду вобастаи амалҳои нопоканд дар назди қонуни зиндагӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванду номашон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳоисиёҳ сабти ном мешаванду сазоворинафрати умум мешаванд. Зеро хиёнат ҳаргиз бахшида намешавад! Хиёнат нобахшиданист!

Миллати тоҷиқ ҳаргиз ба ин “ватандорон” ин сиёҳкориҳояшонро намебахшад! Ин халқи обод дигар намехоҳад, кишварро нообод бинад ва бо муроҷиат мегӯяд: Моро ин ободӣ басанда аст!, моро ин гулгунӣ хуш аст мо ба “ободкориҳо”- и шумоён ниёз надорем! Мо ободу озодем!

 

Шарифиён Мубин

аъзои фаъоли ҲХДТ

дар шаҳри Хуҷанд