Ба сифати Пешвои миллат эътироф шудани Президенти мардумии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин амри воқеӣ буд. Ин падидаи нек аз тарафи тамоми мардуми кишвар хеле хуб пазируфта шуд. Рӯзи гузашта дар Автобазаи махсуси санитарии шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо кормандони ин коргоҳ дар мавзӯи «Пешвои миллат –рамзи Сулҳу Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Мулоқотро раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар коргоҳи хизматрасонии назорати санитарии шаҳри Хуҷанд Мусабехон Хӯҷаева ҳусни ифтитоҳ бахшида, хозиринро бо мӯҳтавои мулоқот ошно намуд. Муовини сардори коргоҳи мазкур дар бораи қабули қонун дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» аз ҷониби Парлумони мамлакат, ёддовар шуда, қабули онро барои миллату давлат қонуни саривақтӣ ва басо муҳим арзёбӣ намуд. Мудири шӯъбаи кор бо занони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумла иброз намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари тоҷикон тавонист ин миллатро сарҷамъ намояд ва дар атрофи идеяи миллӣ миллатро созад. Сарвари олишони моро дар хориҷи кишвар чун ҳомӣ ва мунодии сулҳ мешиносанду эътироф мекунанд. Президенти муаззами мо дар минбарҳои баланди Созмони миллали муттаҳид ва конфронсу симпозиумҳо аз мушкилоти глобалии ҷаҳонӣ нарасидани оби ошомиданӣ ва онро эҳтиёту самаранок ис тифода бурдан ҳарф зада, аз ҷомеи ҳаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки ин неъмати худододи табиатро эҳтиёту самаранок истифода барем. Ин ғамхорӣ ва дурандешии лидери тоҷикон ҷаҳони сиёсатро такон дод ва имрӯз сарварони пешрафтаи ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмонро яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳонӣ мешиносанд… Мо бо Пешвои миллати худ ифтихор мекунем. Мо бо Президент ҳастем ва Президент бо мост.