Гегемонизм, муссалаҳшавии бошитоби аксарӣ давлатҳои ҷаҳон, пайдо шудани нишонаҳои «ҷанги сардӣ» абарқудратҳо, авҷ гирифтани нооромиву низоъҳо, дар зиёда аз сад давлатҳои дунё рух додани ҳамлаҳои ғайриинсонии террористӣ ва ифродгароёна боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.

Ин нуқтаро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомали Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамалакат баён намуда, таъкид намудан, ки давом ёфтани чунин ҳолат, метавонад боиси афзудани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.

Ирўзҳо кишвари мо барои пешгири кардани таъсири таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, чораҳои иқтисодию сиёсиро дар фаъолияти дохили ва хориҷии худ роҳ андози намуда истодааст. Бесабаб нест, ки дар ин ҷода Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд намудан, ки «бо назардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор, ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифродгарои ва дигар таҳдидҳои замони муосир, мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».

Дар ҳақиқат, аз солҳои 90-уми асри ХХ сар карда то имрўз, дар минтақаву мамалакатҳои гуногун, дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалии ҷаҳонӣ барои бартараф намудани мушкилоти ба тарроризм ва ифродгароӣ вобаста буда, садҳо ҳамоишу конференсияҳо бо фарогирии аксарияти давлатҳои ҷаҳон баргузор гардида бошад ҳам, то ҳол «муносибатҳои духўра», «меъёрҳои дугона» пуштубонии сиёсиву иттилоотӣ ва молиявии гурўху созмонҳои террористивю экстремистӣ мушоҳида мегардад. Ба ин муносибат Сарвари давлат рўзҳои вазнини саршавӣ ва солҳо кашол ёфтани ҷанги шаҳрвандиро ба хотир оварда қайд карданд, ки «кишвари мо бо падидаҳои густурдаи зўровариву мудохила аз хориҷ ва таҳмили андешаву равияҳои бегона, ки  аз ғояҳои ифродгариву террористӣ маншаъ мегирифтанд рў ба рў шуда буд».

Ноамнию хатарҳои замони муосир ба амнияти давлати мо низ таҳдид мекунад, зиёда аз ин баъзе ҳамватанони раҳгумзадаи худамон ба  ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил гардида, мехоҳанд амнияту суботро дар ҷомеа халалдор созанд. Чунин афрод, дуруст дарк намекунанд, ки давоми солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандони далеру шуҷоъ, бонангу номусӣ миллат ба воя расида, намегузоранд, ки бадхоҳони миллат ба ниятҳои нопокӣ худ бирасанд. 

С.Муртазоев