Санаи 26 март дар кумитаи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти фаъолзанон, аъзоёни Шӯрои занони шаҳри Хуҷанд, аъзоёни ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо занони маҳаллаи номбурда баргузор гардид. Муҳокимаи мавзӯъҳои тарзи ташаккули ҳаёти солим, оқибатҳои нохуши никоҳи хешу таборӣ, ба ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб даст задани занон, зиёд шудани сафи сатрпӯшон аз ҳисоби ҷавондухтарон ва ҷавонзанон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву дунявии занон ва амсоли он масъалаи асосии мулоқот гардид. Дар ин мулоқот мудири шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, ҳозиринро ба арҷгузорӣ ба либоси миллии тоҷикӣ даъват намуд. Анъанаи тайёр намудани либоси суннатии тоҷик то кунун хусусиятҳои басо куҳани таърихии худро, ки ба давраҳои куҳантарин мутаалиқ аст, нигаҳ доштааст. Табиист, ки дар тӯли асрҳо, новобаста ба таъсири мутақобилаи анъанаҳои гуногун, тоҷикон асоси анъанаҳои тарҳрезӣ ва тайёр намудани либосҳоро нигаҳ доштанд. Ин шаҳодати аз насл ба насл гузаштани анъанаҳои қадима, меъёрҳои тарҳрезӣ ва тайёр намудани либосҳои суннатии тоҷик, мувофиқ ба иқлим ва қобили истифода будани он мебошад. Набояд, мо анъанаҳои аҷдодии худро зери по карда ба унсурҳои бегонапарастӣ рӯй оварем-иброз намуд. Дар поёни суханаш мудири шӯъбаи кор бо занони Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд.
Шарҳ додан
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 4679
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 4544
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 3093
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 3090
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 2293
-
ТАНТАНАИ ИДОНА ДАР ҚИСМИ НИЗОМИИ 35012021-02-22 26
-
Артиш бақои давлат аст2021-02-22 21
-
Бани одам аъзои якдигаранд…2021-02-18 31
-
РӮ БА РӮ БО МАРДУМ2021-02-13 49
-
БО ЗАҲМАТИ СОДИҚОНАВУ АҲЛОНА МЕҲАНАМОНРО ОБОД НАМОЕМ2021-02-09 61
-
КӮДАКОН ОЯНДАИ ОСУДАВУ ОБОДИ МИЛЛАТАНД2019-05-31 393
-
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН» ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД2017-05-18 838
Меҳмонон