Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеъан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати куҳанбунёди тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумумиллӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустини худро гузошт.

Бо пароканда шудани сохти давлатдории Иттифоқи Шӯравӣ ва заиф гаштани сутунҳои давлату давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низои дохилӣ ба миён омад ва ба хоҷагии халқ ҳисороти зиёдеро ворид сохт. Ҳазорон нафар ҳамватанони мо аз манзили истиқоматиашон маҳрум гашта, қисмате аз онҳо қурбони ин фоҷиаи миллат гардиданд.

Халқи шарифи тоҷик хатари пароканда гаштани давлатро дарк намуда, баҳри фурӯ нишондани оташи ҷангӣ хонумонсӯз ва фалокатбор ҷонбозиҳо кард. Новобаста аз ин халқи тоҷик ба субҳи умед эътимод дошта ба чунин андешаҳо дили худро тасалли медод.

Чихеле, ки шоираи халқи тоҷик бо қалами шоириаш эҷод намудааст:

Навмед набояд шудан аз гардиши айём,

Ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст.

Таърихи 9 – уми сентябри соли 1991 Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳасти кард ва аз оғози марҳилаи наву тозае дар ҳаёти миллатамон башорат дод.

Бешубҳа Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ватани мо фазои нави сиёсиро боз намуда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо саҳифагардон намуд. Маҳз ҳамин Иҷлосияи тақдирсоз бақои миллатро таъмин намуда, дастгоҳи нави давлатро, ки омили пешрафту тараққиёти ҷомеъа мебошад рӯйи кор овард. Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар шароити ниҳоят мураккаби таърихӣ тавлид ёфта, ҳаёти навини худро оғоз намуд.

Кори Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) аз ---- ноябри соли 1992 то 2 декабри ҳамон сол дар Қасри Фарҳангии Арбоби хоҷагии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаеви ноҳияи Хуҷанди (ҳозира Бобобоҷон Ғафуров) вилояти Ленинободи (ҳозира Суғд)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Аз 230 нафар вакилони халқӣ 193 нафарашон дар корӣ Иҷлосия иштирок намуданд. Рӯзномаи Иҷлосия 23 масъаларо дар бар гирифта, аз ҷумла масъалаи асоси муроҷиати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви ИДМ дар бораи тартиби ба ҷои истиқоматӣ муқимиашон баргардонидани гурезаҳо, дар бораи нишон ва парчами Тоҷикистон, дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи «Авфи умумӣ», дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ раҳо додани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳури, дар бораи ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии давлати азизамон Тоҷикистон ва як қатор масъалаҳои дигарро дар бар гирифта, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Вакилони халқ бод арки масъулияти бар дӯш доштаашон ба ҷои идоракунии перзиденти – идоракунии парлумониро ҷонибдорӣ карда, дар Иҷлосия якдилона номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуда, аксарияти овозҳояшонро ба ӯ доданд ва Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Вакилони халқ Эмомалӣ Раҳмонро бо назардошти қобилияти кордонӣ ва ҳақталошию бомаърифатиаш, бо амри дилу виҷдон ба ин мансаб интихоб намуданд.

Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ба халқи шарифи Тоҷикистон дилпурона гуфта буд «Ман ба ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хело душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисони фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои ҳар як хона ва ҳар як оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизамон садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба имконияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанамон ва ҳаёти хушбахтонаи азияткашидаам бовар дорад…».

Дар Иҷлосия тасдиқ гардидани рамзҳои давлатӣ парчам ва нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъаи муҳимтарини таърихию сиёсии халқи тоҷик буд. Вакилони халқ аз воқеъаҳои фоҷиабор хулосаи зарурӣ бароварда, дар масъалаи ташкили Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои вазирон дақиқназарӣ зоҳир намуданд. Баъди муҳокимарониҳо Ҳукумати нави Тоҷикистони тозаистиқлол таъсис дода шуд ва сокинони Ҷумҳури ба он умед бастанд, ки аъзои нави Ҳукумат бо даст удили пок ба кор Шурӯъ намудааст.

Иҷлосияи таърихӣ роҳи ба эътидол овардани Ҷумҳуриро тарҳрези намуд ва мардуми Тоҷикистонро барои расидан ба мақсади нек – сулҳу салоҳ ҳидоят намуд.

Дар воқеъ донаи умед бо таровату фази худ дар дили мардуми тоҷикон оштии миллиро танинандоз намуд.

Беҳуда шоир нагуфтааст:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Шодиву нишон, бахти баланди халқ бо воситаи дӯстиву рафоқат пайдо мегардад ва мо бояд шукронаи онро кунем, ки дар ҳаёти тинҷиву осоиштагӣ ва сулҳу салоҳ зиндагӣ дорем.

Ҳоло аз ин Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол сипари шуд ва дар мӯҳлати кӯтоҳ мо ба бисёр комёбиҳои давлатӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва дигар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ноил гардидем. Имрӯз дар тамоми минтақаҳои кишвари азизамон барои таҷлили ин рӯйдоди таърихӣ дар сатҳи баланди сиёсӣ омодагиҳо рафта истодааст ва дар радифи ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор сохтмонҳои иншоотҳои муҳими давлатӣ, ки барои беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудааст сохта шуда истодаанд.  

        

      

 

              Эҳсон Исоев,

Мудири шӯъбаи умумӣ ва назорати

 Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд