Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» -и назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он се масъала: ҷамбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд;  интихоби ҳайати нави Шӯрои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ва интихоби роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд ва муовинони матраҳ гардиданд.

Дар ҷаласа роҳбари дастгоҳи кумиҷроияи шаҳр Маҳмадсалим Ҳаитов, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд Фирдавсхон Саидов ва раисони комиссияи кор бо ҷавонони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаро Маҳмадсалим Ҳаитов ҳусни оғоз бахшида, оид ба самтҳои фаъолияти ташкилот мулоҳизаронӣ кард. Мудири шӯъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев оид ба паҳлӯҳои фаъолият гузориш дод.

Мавсуф қайд кард, ки аъзоёни шӯрои шӯъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти хешро хуб ба роҳ монда, дар тамоми чорабиниҳои мухталиф фаъолона иштирок намуданд. Барои дар сатҳи баланд доир намудани ҷашнҳои миллӣ фаъолияти назаррас нишон доданд. Яке аз самтҳои фаъолияти шӯъба пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пешгирӣ аз бемории ҳамагири КОВИД-19 арзёбӣ карда шуд. Бахусус, байни ҷавонон дар муассисаҳои оливу миёна, корхонаву ташкилотҳо ва маҳалҳо ташвиқоту тарғибот дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардид. Зикр карда шуд, ки фаъолияти шӯъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд тибқи талабот минбаъд низ хуб ба роҳ монда мешавад.

Сипас, мудири бахши кор бо ҷавонони муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд Волидова Амбарой, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДДХБСТ Саломов Дилшод ва мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Раёсати Муассисаи давлатии таълимии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Маҳмудов Муталиб ба музокира баромада, ба фаъолияти ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд дар нӯҳ моҳи соли равон қаноатбахш баҳогузорӣ карданд.

Масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи ҷаласа низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

         Бояд қайд кард, ки бо дастгирии ҳамаи иштирокчиёни маҷлис Исоев Эҳсонҷон Маҳмудҷонович – Роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Хуҷанд интихоб гардид ва ду нафар аъзоёни фаъоли шӯрои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и кумиҷроияи шаҳрӣ Отамуродов Далер ва Музаффарова Нилуфар муовинони ташкилот таъин гардиданд.

Дар интиҳо Фирдавсхон Саидов, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд суханронӣ карда, ба кори минбаъдаи ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Хуҷанд барору муваффақият орзу намуд.